Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Şanlıurfa °C

Ба истифода додани коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коркарди мева дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ба истифода додани коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коркарди мева дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
02.04.2023
A+
A-

 

 

 

Ба истифода додани коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коркарди мева дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.2023 , ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коргоҳи коркарди меваро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Дар доираи тадбирҳои ободонӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як муддати кутоҳ бо бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ва коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ободу зебо ва сатҳи зиндагии сокинонаш боз ҳам беҳтару хубтар гардонида шуд.

Бо ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази истеҳсолию омӯзишии қолинҳои дастӣ дар деҳоти Овчиқалъача 40 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Иншоот ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мадина Каримова бунёд шуда, аз ду ошёна ибора мебошад.

Дар ошёнаи якуми бинои иншоот коргоҳ ва маркази омӯзишию истеҳсоли қолинҳои дастӣ ва попуридӯзӣ бо таъсиси 16 ҷойи корӣ ва дар ошёнаи дуюм бошад, коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 24 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Барои мутобиқсозии сифати маҳсулот ва таъмини пурраи хонандагон бо сарулибоси мактабӣ, корию ҳарбӣ, варзишӣ ва духти либоси миллию аврупоӣ дасгоҳу таҷҳизоти муосир аз хориҷи мамлакат ворид ва насб карда шудааст, ки коргарон бо истифода аз чунин шароити мавҷуда сарулибоси корию мактабиро бо нақшу нигори миллӣ ва тарҳи муосир омода ва пешниҳод месозанд.

Корхонаи дӯзандагии Ёсуман иқтидор дорад, ки дар як сол беш аз 10 ҳазор дона маҳсулоти дӯзандагиро истеҳсол намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити кории иншоот иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати бунёди чунин коргоҳи замонавӣ шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон дастур доданд, ки барои бо шуғли доимӣ таъмин намудани занону духтарони деҳаҳои дурдаст чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ минбаъд низ бунёд карда шавад.

Дар ин ҷо ҳамзамон бо ҷалби мутахассисон нозукиҳои ҳунари қолинбофӣ ва попурдӯзӣ ба занону духтарони деҳоти Овчиқалъача омӯзонида мешавад. Омӯзиши ҳунари дастӣ заҳматталаб бошад ҳам, вале он манфиатовар ва дар бозорҳои дохилию хориҷӣ харидорони зиёд дорад. Бо дарназардошти ин коргарон баробари аз худ кардани ин ҳунари қадима дар ин коргоҳ ҳамзамон метавонанд ҳунари қолинбофии дастиро дар хона низ идома диҳанд.

Дар ин рӯз ҳамзамон дар маркази деҳоти Овчиқалъача бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди мева ифтитоҳ гардид.

 

 

 

 

 

Шуғли асосии аҳолии деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишоварзӣ буда, сокинонаш бо истифода аз шароити фароҳамгардида заминҳои корами обию лалмиро самаранок истифода мебаранд ва дар бунёди боғу токзорҳои нав низ таҷрибаи бой доранд.

Дар навбати аввал дар ин ҷо ду намуд маҳсулот, аз ҷумла тамашк дар шакли муррабо ва хуч дар шакли нушоба истеҳсол мегардад.

Иншоот дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо ҷалби соҳибкори ватанӣ Шавкат Қаюмов бунёд гардида 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Коргоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ 10 ҳазор қутии шартӣ нӯшобаи хуч ва 500 қутии шартӣ мураббо аз маҳсулоти тамашк мебошад.

Дар оянда бо фаро расидани мавсими ҷамъоварии ҳосили қулфинай коркард ва басту банди он дар коргоҳи мазкур ба роҳ монда мешавад.

Президенти мамлакат зимни боздид аз раванди фаъолияти хатҳои нави технологӣ ва намунаи маҳсулоти саноатӣ таъкид доштанд, ки бо назардошти мавҷудияти ашёи хом бунёди чунин коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сатҳи воридоти ин намуди маҳсулоти тайёрро аз хориҷи мамлакат коҳиш дода барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30407?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.